goodwell
Даври дувуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои тестӣ кай мегузарад?
158

Муҳлати даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо то 30-юми апрел идома меёбад.

Маркази миллии тестӣ ба хоҳишмандон тавсия додааст, ки ҳуҷҷатҳои худро омода намуда, барои сабти ном кардан ба дилхоҳ нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик муроҷиат намоянд.

Даври дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ аз 10 то 30-юми июн сурат мегирад ва шахсоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ худро сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд дар даври дуюм сабти ном намоянд.

Ҳамзамон шахсоне, ки аз ихтисосҳои интихобкардаашон норозиянд ва хоҳиши иваз кардани ихтисосҳои қаблиашонро доранд, метавонанд то 30-юми апрели соли 2026 ба нуқтаҳои бақайдгирии пештар аз қайд гузаштаашон ҳозир шуда, ихтисоси худро иваз кунанд.

Шахсоне, ки худро дар давраи фаъолияти нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Варзоб ва шаҳри Роғун ба қайд гирифта буданд, барои азнавбақайдгирӣ бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба бинои асосии Марказ ҳозир шаванд. Шахсоне, ки дар дигар нуқтаҳои сайёрӣ бақайдгирӣ аз қайд гузаштанд ва хоҳиши иваз кардани ихтисосҳояшонро доранд, бояд ба бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД