Ман чанд сол боз бемории ҷигар дорам. Ҳар сол дар беморхонаҳо табобат мегирам. Ҳолам муддате беҳтар мешавад, вале пурра шифо наёфта истодаам.
Шикамам об гирфтааст. Табибон мегӯянд, ки бемориам кӯҳна шуда, ба сироз гирифтор шудаам. Ростӣ, вазъи иқтисодиам хуб нест, имкони харидани доруҳои қиматбаҳоеро, ки табибон мефармоянд, надорам. Мехоҳам бо давоҳои халқӣ худро табобат кунам ва аз табиби мардуми Садриддиншолҳ Ҷалолӣ маслиҳат пурсидан мехостам, ки кадом гиёҳҳоро истифода барам.
Аҳлиддин аз шаҳри Душанбе
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Сироз шамолкашӣ ё грипп нест, ки пул надорам гӯён, бепарво гаштан гиред, бародари азиз! Ташаммуъи ҷигар ё ҳамон сирозеро, ки шумо мегӯед, бемории хеле ҷиддӣ аст ва онро дар бемористон табобат бояд кард, давоҳои халқиро бошад, ҳамчун воситаи ёрирасон истифода бурдан мумкин аст. Аввалин коре, ки шумо бояд анҷом диҳед, ҳарчи зудтар баровардани об аз шикам аст. Ман ба шумо чанд давоеро мегӯям, ки онро аз шикам бароварда метавонанд.
Нусхаи аввал
Шохчаҳои ҷавони дарахти арча (бурс)-ро майда карда як қошуқи онро дар термос андозед ва аз болояш як истакон оби ҷӯшидагӣ рехта, монед як соат истад. Гиёҳоби мазкурро ҳар рӯз бо ҳамин роҳ тайёр карда то бегоҳ кам-кам бинӯшед.
Нусхаи дигар
200 грамм бехпиёзро аз мошинаи гӯштқимматкунак гузаронда ба он 100 грамм асалро илова намоед ва нағзакак омехта карда муддати 2 рӯз дар яхдон нигоҳ доред. Рӯзи сеюм даворо аз яхдон гирифта соф кунонед ва ҳар рӯз 3 маротиба 2 қошуқӣ истеъмол намоед.
Нусхаи сеюм
800 грам ҷаъфариро нағзакак шуста, реза карда дар зарф андозед. Ба болояш шири нав ҷӯшидашудаи говро рехта зарфро дар болои оташ гузоред. Кофта истода кӯшиш кунед, ки шири ҷаъфаридор ба ҷӯшидан наздик биёяд, вале наҷӯшад. Ҳамин тавр то даме зарфро дар болои оташ нигоҳ доштан лозим аст, ки шир нисф шавад, баъдан даворо аз болои газ бигиред ва ҳар як соат пас 1-2 қошуқӣ бинӯшед.
Ҳамчунин субҳу ношто як қошуқӣ равғани зайтун хӯрдан ҷигарро қувват бахшида онро заҳкашӣ мекунад ва илова бар ин рӯдаҳоро чарб намуда, маҷбур месозад, ки ғизо роҳи худро оҳиста-оҳиста тай намояд.