Formula novemver 2024
Давои саратонро ёфтанд?
1665


Саратон аз зумраи бемориҳои вазнине мебшад, ки табибон дар ёфтани давои он то ба имрӯз душврӣ мекашиданд.

Олимону донишмандондар сар то сари ҷаҳон тӯли солиёни зиёд ба муқобили ин беморӣ мубориза бурда бошанд ҳам, талошҳояшон натиҷаи дилхҳ намедод, вале олимони Амрико ва Ҷопон ба тозагӣ воксинае ихтироъ кардаанд, ки масъунияти баданро пурқувват намуда, барои аз байн бурдани варамҳои хатарноки саратонӣ мусоидат менамояд.

Дар ин бора сомонаи "Даракчӣ" дар такя ба манбааш иттилоъ медиҳад.
Бемории мазкурро то ин дам бо кимиётерапия, терапияи нур ва ҷарроҳӣ муолиҷа менамуданд, вале бо кашфи воксинаи нав имконият пайдо мешавад, ки организми инсон мустақилона ба муқобили ин беморӣ мубриза бурда, варамҳои хатарноки саратонирро аз байн бибарад.
Таҳқиқгарон мегӯянд, ваксинаи мазкур ба тамоми намудҳои бемории саратон мубориза бурда, таъсири хеле хуб мерасонад.

Доруи мазкур аллакай дар ҳайвонот озмуда шудааст. Дар натиҷаи озмоиш муайян шудааст, ки ваксинаи мазкур танҳо ба ҳуҷайраҳои "қотил" таъсир расонида, масъулнияти баданро пурқувват месозад.

Айни ҳол воксинаи нав дар беморони ихтиёрӣ озмуда хоҳад шуд ва агар ин даво дар дамизд низ натиҷаи хуб диҳад, ин дар тибби муосир инқилоби бузурге гашта, қутби навро дар табобати саратон боз мекунад.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД