Дар дунё ягон сирре нест, ки абадан пинҳон монад. Асрори як ҷавони бераҳм, ки ҷиноят содир намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд, баъди 5 сол фош гашта, ба чанг афтид.
Давлатшоҳ Мирзоеви 31-сола сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён буда, мисли дигар ҳамдеҳагонаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомад. Панҷ сол пеш, аниқтараш рӯзи 1-феврали соли 2016 гапи ин ҷавони хунгарм бо Одилҷон ном ҳамдеҳааш мегурезад ва дар сари қаҳру ғазаб рақибашро ду корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.
Давлатшоҳ дар ҷустуҷӯ қарор дошта бошад ҳам, гумон дошт, ки ҳаргиз ба чанг намеафтад, вале тираш хок хӯрд.
Пас аз 5 соли сар задани ин моҷарои хунин кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ Давлатшоҳ Мирзоевро дастгир намуданд. Нисбати ин ҷавони беандеша, ки ҳамдеҳаи худро корд задааст, айни замон бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.