Formula novemver 2024
Дастурхони солинавӣ барои кӯдакон
693

  Иди соли навро хурду калон дӯст медоранд, вале хурдтаракон онро бо шодиву нишоти дигар интизорӣ мекашанд.

Кӯдаконе, ки ақлашон аллакай ба туҳфа гирифтан мерасад, бесаброна интизор мешаванд, ки кай соли нав фаро мерасад ва Бобои Барфӣ барояшон шоколаду хусӯрқанду ширинӣ меорад.

Албатта ҳар як падар модар кӯшиш мекунад, ки аз номи Бобои Барфӣ ба фарзандонаш ҳатман туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, хотири ҷигарбандони худро шод гардонад, вале магар хурдани шириниҳои рангоранг ба кӯдакон зарар надорад?

Умуман, дар шаби соли нав ба кӯдакон чи хӯрдан мумкин асту чи не? Хӯрдани ширинию шоколод ба миқдори кам зарар надорад, аммо волидон бояд назорат баранд, то ширинакони ширинихӯракашон аз ҳад нагузаронанду шикамашон ба дард надарояд.

Мувофиқи анъана дар дастархони идона ҳатман хӯриши “Оливия” ва сихкабоб гузошта мешавад. Фаромӯш накунед, ки хӯрдани сихкабоб ва дигар ғизоҳои гӯштӣ дар якҷоягӣ бо шоколод ва ширинӣ зарар дошта, боиси шикамрав шудани кӯдак ва дарди сари модар мегардад.

Волидон бояд шаби соли нав бисёр эҳтиёт намояд, то кӯдаконашон хӯрокҳоеро, ки бо ҳам “созгор” намеоянд, якҷоя истеъмол накунанд, масалан ҳеҷ вақт баъди шоколад ба кӯдак хӯроки гӯштӣ додан мумкин нест.

Фаромӯш насозед, ки айёми сардӣ вақти беморшавии кӯдакон аст. Фарзанди шумо ба наздикӣ ба зӯком гирифтор шуда, ҳанӯз пурра ба худ наомада бошад, назорат намоед, ки обҳои хунуки газнок ва мандарин нахӯрад. Ин ҷараёни шифоёбии кӯдакро тӯлонитар мегардонад. Хӯрдани донагӣ ва қулчақандҳои донагӣ дошта низ ба кӯдакони сулфашуда мумкин нест.

Донагӣ боднок аст ва сулфаро авҷ медиҳад. Рӯзҳои баъди ид ҳам эҳтиёткор будан лозим аст. Аз зиёфати солинавӣ ҳатман ғизоҳо зиётӣ мекунад. Онро дар яхдон игоҳ дошта, пеш аз ба кӯдакон додан ҳатман шахсан худатон санҷед, ки мабодо вайрон нашуда бошанд.

Гап дар сари он аст, ки хӯришҳои майонез дошта зуд вайрон мешаванд. Нофаҳмида истеъмол кардани онҳо боиси бемор шудани кӯдакон гашта метавонад. Волидони зирак аз хурдтаракони хона шириниҳояшонро “дуздида” дар ҷевон пинҳон кунанд, хуб мешавад.

Пасон якто-якто ба зебоякон ширинӣ дода, баъди соли нав низ ба онҳо руҳияи идона бахшидан мумкин аст. Хӯрдани ширинӣ барои кӯдакон ҳамавақт фараҳбахш аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД