Дастрасӣ ба таҳсилоти рақамӣ
29.10.2025
Oila.tj
87

Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи бузургеро назди худ гузоштааст: то соли 2040 саҳми зеҳни сунъӣ (ЗС) дар ММД-и Тоҷикистон бояд ба 5% расад ва дар доираи Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040, то соли 2026 нишондоди миёнаи он 1% бошад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани имкониятҳои воқеӣ ва муҳити мусоиди рақамӣ, ки дар он хонандагон тавонанд малакаҳои рақамиро ба даст оранд, муҳим аст.

Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026 дар Тоҷикистон ба беҳтар кардани сифати таҳсил ва васеъ намудани дастрасӣ ба барномаҳои рушди малакаҳо, аз ҷумла барои гурӯҳҳои осебпазиртарин, барои таъмини гузариши муваффақона аз мактаб ба кор (аз омӯзиш то ба даст овардани даромад) нигаронида шудааст. Барномаи ЮНИСЕФ инчунин ба рушди наврасон ва ҷавонон, бахусус муҷаҳҳаз кардани онҳо бо малака ва дониш барои таъмини шуғл ва иштироки фаъол дар ҷомеа тамаркуз мекунад.

ЮНИСЕФ Вазорати маориф ва илмро дар тақвияти низоми маориф барои қонеъ кардани ниёзҳои иқтисоди муосир дар дарозмуддат дастгирӣ мекунад. ЮНИСЕФ инчунин ҳадаф дорад, ки кори шарикони дигар, аз қабили ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳониро пурра созад ва ба натиҷаҳои бадастомада тавассути лоиҳаи ЮНИСЕФ "Тақвияти малака ва салоҳиятҳои духтарон ва писарони наврас барои гузариш аз мактаб ба кор дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, такя намояд.

Ташаббуси GIGA, ки соли 2019 аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия (ITU) роҳандозӣ шуда буд, як талоши ҷаҳонӣ барои пайваст кардани ҳар як мактаб дар саросари ҷаҳон ба интернет ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот, имкониятҳо ва интихоб барои ҳар як ҷавон мебошад.

Дар доираи ташаббус ба даст омадани яқ қатор натиҷаҳо пешбинӣ гардидааст:

• Тақрибан 2,3 миллион хонандаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз 100% пайваст шудан ба интернети мактабӣ баҳра хоҳанд бурд.

• Тақвияти сармояи инсонӣ ва рушди иқтисодии фарогир дар Тоҷикистон тавассути таъмини пайвасти 100%-аи рақамӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ.

• Эҷоди имкониятҳои алтернативӣ ва босифати шуғли дохилӣ ҳамчун алтернатива ба кори каммузд дар хориҷа.

• Васеъ кардани имкониятҳо барои духтарон ва занони ҷавон барои кори фосилавӣ ва коҳиш додани тафовути гендерӣ ва рақамӣ.

• Ҳамоҳангсозии беҳтар бо ҳадафҳои бузурги Тоҷикистон барои истифодаи зеҳни сунъӣ ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дар доираи ташаббуси GIGA бо коршиносон бо ҳадафи таҳлилу пешбурди тасмими мазкур вохӯриҳои корӣ анҷом дода мешаванд.

Кристофер яке аз ҳаммуассисон ва ҳамраисони GIGA мебошад, ки ин шарикӣ миёни ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия (ITU) барои пайваст кардани ҳар як мактаб дар ҷаҳон ба интернет таъсис ёфтааст. Дастаи ӯ омӯзиши мошинии амалӣ таҳия намуда, 2,5 миллион мактабро харитасозӣ кардаву беш аз 1,7 миллиард долларро барои сармоягузории инфрасохтор ҷалб намуда, зиёда аз 20 миллион ҷавононро аз соли 2023 ба интернет пайваст кардааст. GIGA бо дастгирии ҳукуматҳои Испания ва Швейтсария амалӣ мегардад.

Аукен Тунгатарова бошад, мутахассиси соҳаи таҳсилоти рақамӣ дар Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ буда, ба 22 кишвар ва қаламрав хизмат мерасонад. Вай зиёда аз даҳ сол дар самти таҳсилот ва технология фаъолият дошта, барои ташаккули низомҳои таҳсилоти фарогир, мувофиқ ва тавонбахш дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Осиё ва Уқёнуси Ором ва ҳамчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ саъй варзидааст.

Дар вазифаи ҳозирааш, вай роҳбарии рӯзномаи минтақавии ЮНИСЕФ оид ба таҳсилоти рақамиро ба уҳда дорад, то ки ҳамаи кӯдакон ва ҷавонон, махсусан гурӯҳҳои бештар осебпазир аз имкониятҳои пурмазмун ва баробарҳуқуқи омӯзиши рақамӣ баҳраманд гарданд. Ин ба дастгирии кишварҳо дар раванди гузариши рақамии низомҳои таҳсилот, рушди малакаҳои рақамӣ ва ҳамгироии технологияҳо, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (AI), ба раванди таълим ва омӯзиш дахл дошта, бо мақсади коҳиши талафоти таълимӣ ва беҳтар намудани сифати таҳсилот ба таври бехатар ва самаранок равона шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД