Formula july 2024
Дастовардҳои бузурги Асрор Воҳидов
826

Воҳидов Асрор Акрамович муштзани тоҷик, чемпиони сабуквазни ҷаҳон миёни наврасон дар шаҳри Остона ва устоди дараҷаи байналмилалӣ мебошад.

Асрор 20-уми октябри соли 1995 дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба варзиш машғул буда, дар сини 10-солагӣ бо бародарзодааш Ф. Охунов ба тамрин машғул ва ба дунёи бокс ворид шудааст. Устоди аввалини ӯ маҳз Охунов ба ҳисоб меравад.

Баъдан тамринро таҳти роҳбарии устоди номдор Д. Фатҳуллоев идома дода, соли 2011 нахустин медали тиллои чемпионати Тоҷикистон миёни наврасонро ба даст овард.

Ҳамзамон, Асрор дар соли 2011 дар чемпиоанти ҷаҳон байни ҷавонон, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, дар вазни то 48 кг бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, соҳиби медали тилло шуд ва унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард, ки ин дастоварди бузури варзишӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ боксчии ҷавони тоҷик Асрор Воҳидовро “Беҳтарин боксчии ҷавони ҷаҳон дар соли 2011” эълон намуд.

Бо гузашти солҳо, 24-уми майи соли 2024 дар шаҳри Бангкок муҳорибаҳои мусобиқаи 2-юми интихобии олимпӣ оғоз гардид, ки муштзани мо Асрор Воҳидов зери вазни то 57 кг дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро муаррифӣ кард ва дар даври аввал бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 муқобили намояндаи Мали - Абдул Карим ғалаба кард.

Муштзани мо Асрор Воҳидов рақобати дуюмашро дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Тайланд бо ғалаба ба анҷом расонид. Ӯ бидуни мушкилӣ муқобили намояндаи Косово - Башким Боҷоку бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Асрор Воҳидов рӯзи 30-юми май рӯйи ринг рақобатро идома медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД