Дастоварди таърихии Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс
12.12.2025
Oila.tj
142

Муштзани тоҷик Хусравхон Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, ба натиҷаи таърихӣ даст ёфт.

Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон (5:0) бар Хуҷаназар Нортоҷиев ӯзбекистонӣ пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Ин дастовард таърихист, зеро Раҳимов аввалин муштзани тоҷик мебошад, ки ба финали Чемпионати ҷаҳон баромадааст.

Ёдовар мешавем, ки XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад. Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвар аз рӯи 13 категорияи вазнӣ ҳунарнамоӣ доранд. Фонди ҷоизаваии мусобиқа 8,32 миллион доллар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД