Дар қатори 74 дастхату ҳуҷҷатҳои нодири ҷаҳон дастхатҳои Қалъаи Муғ низ ба рӯйхати “Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и созмони ЮНЕСКО дохил карда шуданд. Дар ин бора сомонаи ЮНЕСКО хабар додааст.
Дастхатҳои Қалъаи Муғ бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хаттӣ, ки ниҳодҳои созмони ЮНЕСКО мебошанд, ба ин рӯйхат дохил карда шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки бо шарофати бозёфти ин ҳуҷҷатҳои нодир соли 1932 таҳқиқи таърихи водии Зарафшон ва охирин шоҳи Панҷакенти давраи истилои арабҳо - Деваштич оғоз ёфта, он ба омӯзиши минбаъдаи ёдгориҳои асрмиёнагии водӣ, шаҳрдорию хоҷагидорӣ, расму русуми оиладорӣ, савдои дохилӣ, вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва барқарор намудани таърихи сиёсии Осиёи Марказӣ асос гузошта буд.
Бори аввал номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда, ки мутааллиқи чоряки аввали асри 8 ҳастанд, сабт шудааст. Он ибтидои кашф ва таҳқиқи шаҳри Панҷакенти қадим гардид.