Arzon march 2024
Дасти дуои модар
24.08.2023
Мирсаид
1292

“Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Омин, бачам. Камоли умр, зиёи давлататон, тани сиҳататон, талаби муродотон. Илоҳо, ба камоли пирӣ бирасед, арчаи сабзатон кунад, Хӯҷаи Хизр роҳбаратон шавад, дар сафи ҷавонон, дар паноҳи Худо доим сарбаланд бигардед...”.

Ин дуои яке аз бузургтарин модарони дунё – модари тоҷик Марям Шарифова аст (ёдаш гиромӣ бод), ки дар домони покаш Пешвои як миллати бузург, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибони халқу Ватан ва роҳнамои фардои дурахшони давлати тоҷикон, маҳбуби ҳамагон, махсусан идеали ҷавонони муосир, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба камол расондаанд.

Акси зебое, ки зимни гирифтани дуо бардошта шудааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дуру наздики ҳамсоя истиқболи гарм ёфтааст. Дар ин сурати таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз модари бузургворашон дуо мегиранд.

Тавре худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронӣ иброз доштанд, ин ҳолати гирифтани дуо аз модари гиромиашон ва акси хотиравӣ пеш аз як сафари кор сабт шудааст. Чун анъана пеш аз ҳар сафари корӣ Пешвои миллат аз модар дуо мегирифтанд.

Бояд гуфт, маҳз дуои модар буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳама гуна хавфу хатар, ҳатто дар солҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳифз карда, ҳар сафари ӯро бобарор мегардонд. Имрӯз бошад, дуои неки садҳо ҳазор модари тоҷик ҳамроҳу ҳамсафари Пешвои миллат дар иҷрои корҳои бузурги сиёсиву давлатдорист.

Воқеан, модари тоҷик тули таърих нобиғаҳоеро ба дунё овардааст, ки бо мардонагӣ ва ҷасорату ҷонфидоӣ ҳимоятгару сарпаноҳи миллат буданду ҳастанд.

Гиромидошти зан – модари тоҷик дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Таҳияи даҳҳо санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ барои дастгирии давлатии занон, ҷалби бонувони фаъол ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарӣ, таъсиси Квотаи президентӣ барои духтарони деҳоти дурдаст ва ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани 8 март – ҳамчун Рӯзи модар далели бебаҳси қадршиносии Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат нисбат ба хизматҳои бонувону модарон мебошад.

Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо мебошад.

Давлату Ҳукумат ва ҷомеаи имрӯзаи мо ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад, чунки ӯ ба мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагӣ сарбаландона таҳаммул варзида, наслеро тарбия карда, ба воя расондааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд.
Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030 қабул карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он то ба 30 дарсад расондани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 дарсад расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошии худ бахшида ба Рӯзи модар, соли 2020 гуфта буданд: “Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.

Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.

Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки мафҳумҳои муқаддаси “Модар” ва “Ватан” бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сапед дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад”.

Бояд эътироф кард, ки чунин арҷгузорӣ ба хизматҳои зан – модари тоҷик маҳз аз баракати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ин ғамхорӣ бояд масъулияти бонувону модарони ҷавонро афзун намуда, онҳоро барои таълиму тарбияи дурусти фарзандон таҳрик диҳад.
Имрӯзҳо дар ашъори баъзе шоирону нависандагон ва, умуман, фазои интернети тоҷикӣ зиёд вомехӯрем, ки модарро ба фаришта ва гоҳо баландтар аз он ташбеҳ медиҳанд.

Ба ин назар ҳастам, ки модар қиёснашаванда аст. Маҳз бузургии модар аст, ки аҳли қалам дар васфаш оҷиз мондаанд ва гоҳо ташбеҳе медиҳанд, ки камтар аз бузургии ӯст, барои мисол фаришта.

Тавре медонем, бо амри Худо тамоми фариштаҳо назди Одам саҷда кардаанд. Ин далели он аст, ки худи инсон аз фаришта мақоми баландтар дорад.

Пас, модар намунаи олие аз инсонҳои офаридаи Худост, ки набояд бо касеву чизе қиёс кард. Модар ягона мавҷудест, ки бо инояти Офаридгор офаранда аст – инсон ба дунё меорад, идомадиҳандаи насли башарият аст ва таълиму тарбиядиҳандаи тамоми нобиғаҳо.

Дар китобе хонда будем, ки агар аз тамоми чӯби дарахтони рӯи Замин қалам, аз барги ҳамаи онҳо коғаз ва аз тамоми обҳои рӯи дунё ранг омода карда, бузургии модарро васф намоем, тафсири бузургии модар боз ҳам нотамом мемонад.
Ҳамчунин, устоде қисса мекунад, ки замони Иттиҳоди Шуравӣ мавзуи иншои довталабони ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар бораи модар буд.

Вақте довталаб коғази иншои худро ба устоди имтиҳонгиранда супурд, устод дар ҳайрат монд. Дар он танҳо як калима навишта шуда буд: “Модар...”. Вақте устод аз довталаб далели онро пурсон шуд, шогирд гуфт: “Қалам оҷизӣ кард, андар ситоиши модар...” ва сахт гиря кард.

Пас, Модар бузургтарин мавҷудест, ки бо буданаш зиндагиву рӯзгори моро оро дода, бо дуояш имрӯзу фардои моро равшан мегардонад.
Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб бисёр хуб навишта:

Хонашиниҳои ту моро ҷаҳонбин кардааст,
Баҳри озодии мо дар худ асирӣ, модарам.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Душанбе”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД