arzon replenishment
ДАСТГИР ШУДАНИ 4 ДУЗД ДАР БАЛҶУВОН
1099

Дар Балҷувон 4 нафар ҷавонони маҳаллиро барои гандумдуздӣ боздошт намуданд. Ин ҷавонон, ки се нафарашон 22-23 сола буда, ҳамроҳашн як бачаи ноболиғ будааст, дар ғорат кардани анбори гандум муттаҳам дониста мешаванд.

Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Балҷувон як сокини 65-солаи шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки шахсони номаълум аз анбори ғаллаи ӯ дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон 5 тонна гандумро дуздидаанд. Дар пайи ин даъво кормандони милиса чаҳор нафар ҷавонони маҳаллиро дастгир кардаанд, ки дар дуздии гандум гумонбар дониста мешаванд.

Нисбати гумонбарон парванда оғоз ёфта, тафтишот идома дорад. Маблағи зарари расонидашуда 25000 арзёбӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД