Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи авруосиёӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид
18.12.2025
Oila.tj
97

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи XVII авруосиёӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон - хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Бино ба иттилои Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, дар ин сабқати илмию зеҳнӣ 3 хонандаи литсей - Муҳаммад Насруллоев, Саъдӣ Ғафуров ва Муҳаммадсамир Убайдов ба гирифтани мақоми сеюм ва медалҳои биринҷӣ ноил гардидаанд. Дар олимпиада 250 даста бо фарогирии 750 хонанда аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намудаанд.

- Ёдовар мешавем, ки дастоварди навбатии хонандагони муассиса дар Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ нишони таваҷҷуҳи пайваста, фароҳам овардани имконияти моддию техникӣ ва дастгирии хонандагони боистеъдоду болаёқат аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мебошад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД