Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар шаҳри Абу-Даби ҳафтаи тамриниро анҷом дод.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, 28-уми декабр мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолонаш аз Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстонаи дуюмро доир кард. Вохӯрӣ дар майдони Академияи «Ал Ваҳда»-и Абу-Даби баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими арабӣ анҷом ёфт.
- Дар ин рақобат нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвиз Бобоназаров натавонист пеналтиро иҷро кунад. Аз ин пеш дастаи мо дар рақобати санҷишии якум бар ҳамсолони худ аз АМА бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд,- меафзояд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат мекунад. Ҳарифони дастаи мо дар гурӯҳ 23-юми январ дар маросими қуръакашии мусобиқот маълум хоҳанд гашт.