Arzon march 2024
Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба Қатар рафт
209

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 баҳри анҷоми ҷамъомади тамринии даҳрӯза ба Қатар рафт.

ТВ “Варзиш” бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сармураббии даста Марко Раҷини 24 бозигарро ба ҷамъомади тамринӣ ба шаҳри Давҳа даъват кард. Дастаи наврасони мо дар Қатар якчанд бозии санҷишӣ мегузаронад.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5-уми апрел), Кореяи Шимолӣ (8-уми апрел) ва Эрон (11-уми апрел) рақобат менамояд.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштирокчиёни даври чаҳорякниҳоӣ роҳхати чемпионати ҷаҳон-2025-ро, ки аз 5 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, дарёфт мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД