Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футзал барои дарёфти Ҷоми вилояти Суғд, ки дар он 16 даста иштирок намуданд, ба анҷом расид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаҳои "Эфко" ва "Мусаффо" тавонистанд пас аз силсилағалабаҳо ба бозии ниҳоӣ расанд. Дар даври нимниҳоӣ "Эфко" дар муқобили "А К А" бо ҳисоби калони 5:2 пирӯз гардид, футзалбозони "Мусаффо" дастаи "Сипар-2"-ро бо задани зарбаҳои ҷаримавӣ 5:4 шикаст доданд, вақти асосӣ мусовӣ 1:1 ба поён расид.
Бозии ниҳоӣ бошад, бо пирӯзии "Мусаффо" бо ҳисоби 4:0 ба охир расид ва даста соҳиби Ҷоми вилояти Суғд-2025 гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Илҳомҷон Аҳмадов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ва сармурраббии КФ "Сипар" Сергей Каридзе иштирок намуда, ба ғолибон Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Беҳтарин дарвозабони мусобиқа аз тими “Мусаффо” Бегов Хуршед эътироф шуд. Муҳофизатгари беҳтарин аз тими "А К А" Очилов Абдурасул эълон гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқа Шарипов Самад аз тими “Мусаффо” дониста шуд. Ҳамлагари беҳтарини мусобиқа Умаров Мирзорауф аз тими “Эфко” эътироф гардид. Беҳтарин бозингари мусобиқа Шарипов Самад аз тими “Мусаффо” дониста шуд.