Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Далер Қаёсов бозии дуюми дӯстонаи худро дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Дубай баргузор намуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мо бо мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб рақобат карда, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бозигари дастаи «Барқчӣ» Муҳаммад Мираҳмадов ба самар расонд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар бозии аввалини дӯстона дар Дубай дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тими Арабистони Саудиро мағлуб кард (1:1, дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ - 10:9). Меҳрубон Одилзода аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон гол зад.