Arzon march 2024
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон дар CAFA-2025 иштирок мекунад
291

Дуюмин мусобиқа дар соли ҷорӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - чемпионати CAFA-2025 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола аз 4 то 8-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин мусобиқа дастаҳои духтаронаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад, яъне ҳар як даста се бозӣ анҷом медиҳад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд. Ғолиби мусобиқа мунтахабе хоҳад шуд, ки аз ҳама бештар хол ба даст меорад.

Барои духтарони футболбози тоҷик иштирок дар мусобиқаи CAFA як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба ҳисоб меравад, ки аз 9 то 17-уми октябр баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД