Sebiston new 2024 october
ДАҲШАТ!!! ҚУРБОНОЙ БО ФАРЗАНДАШ ХУДРО БА ДАРЁ ПАРТОФТ
9434


Боз як зани тоҷик даст ба амали ваҳшатноке зад, ки бо шуниданаш ба тани кас мурғак медамад!
Боз як модари тоҷик-фарзандаш, як пораи дилу ҷонашро ба марги маҷбурӣ маҳкум намуд!

Боз як зани берӯзӣ пеши мушкилоти зиндагӣ оҷиз монда, роҳи халосиро дар марг дид!
Боз як модар худро ҳамроҳи кӯдакаш ба қаъри дарё андохт!

Ин ҳодисаи даҳшатнок рӯзи якшанбе дар шаҳри Норак ба вуқуъ пайваста, як ҷавонзани 32-солаи Ёвонӣ бо исми Қурбоной Зарипова худро ҳамроҳи духтарчаи 10-солааш ба дарёи Вахш партофтааст. Ҷисми бе ҷони модару духтарро пас аз ним соат, ҳамагӣ 30 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд.
Ҷавонзан худро аз рӯйи пул ба дарё андохта, шиноснома, корти бонкӣ ва пойафзолашро ёдгорӣ гузоштааст. Ҷасади қурбониён дар сардхона нигоҳ дошта мешавад, вале сабабҳои даст ба қатли худ ва фарзандаш задани ин зани ёвонӣ ҳанӯз маълум нест.

Бадбахтона, ин нахустин ҳодисаи худ ва фарзандонашонро ба марг маҳкум намудани занҳои тоҷик нест. Чанд сол қабл як ҷавонзани сокини шаҳри Норак худро бо чаҳор кӯдакаш ба дарё партофта буд. Сабаби даст ба чунин амали даҳшатнок задани зан дар хушунати хонаводагӣ арзёбӣ гашт. Хушдоману шавҳараш барои пай дар пай чаҳор духтар таваллуд карданаш ҳамеша ӯро зери машту лагад қарор медодаанд ва ҷавонзан аз зиндагӣ сер шуда, билохира худро бо чаҳор духтараш ба дарё партофт.
Пас аз ин ҳодисаи гӯшношунид ва ваҳшатангез худкушии занон бо фарзандонашон ба қавле “мӯд” шуд ва боз чанд модар бо дастони хеш кӯдакони ноболиғашонро ба коми аждари марг тела доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки танҳо дар ду моҳи охир ду ҳодисаи нохуши ҳалокати кӯдакони маъсум бо дасти модар расонаӣ гаштааст. Моҳи августи соли равон ҷавонзани 30-солаи раштӣ худро бо се фарзандаш ба дарё партофт, дар оғози моҳи сентябр бошад, як сокини шаҳри Бохтар чаҳор фарзандашро бо дасти худ бӯғӣ карда кушт.

Яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушию фарзандкушӣ задани занҳо зӯроварӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад. Аксаран занҳое даст ба худкушию фазандкушӣ мезананд, ки маълумот, касбу кор ва манбаи даромад надоранд. Ин тоифаи бонувон пеши мушкилоти зиндагӣ оҷиз монда, аз нотавонӣ роҳи халосиро аз мушту лагади шавҳар, ҷабру зулми хусуру хушдоман ва дармондагию бекасӣ дар худкушӣ мебинанд.

Ба хотири он ки фарзандонашон ҳам мисли худашон дар зиндагӣ ранҷу азоб накашанд, ин модарони бадбахт кӯдакони хурдсолро низ ба марг маҳкум менамоянд ва худро ҳамроҳи бачаҳояшон ба дарё мепартоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД