Вақтҳои охир дар кишвари мо ҳодисаҳои ваҳшатангезе рӯй медиҳанд, ки аз шуниданашон ба тани кас мурғак медамад.
Аслан аз ҳаёт маҳрум намудани инсон бадтарин кирдор аст, вале разолату ҷаҳли одамизод ба ҳадде расидааст, ки ҳатто баъди аз зиндагӣ маҳрум сохтани ин ё он шахс низ оташи қаҳру ғазаби баъзе қотилони сангдил паст нашуда, ҷасади мурдаро оташ мезананд, дасту пояшро мебурранд ё сарашро аз танаш ҷудо мекунанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз содир шудани боз як ҷинояти даҳшатнок дар Вилояти Суғд хабар дод. Пайдо шудани як ҷасади сар аз тан ҷудои одамӣ дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри Конибодом тамоми кормандони мақомоти милитсияро ба по хезонд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти вазнин сокини шаҳри Конибодом Темур Турсунов дастгир карда шудааст.
Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ маълум гашт, ки қотил ва мақтул ҳамдигарро хуб мешинохтаанд. Марҳум Содиқ Мамадов бо устогӣ машғул буда, Турсунов ӯро барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ киро кардааст.
Рӯзи 24-март байни соҳибхона ва мардикор дар ҳолати мастӣ ҷангу ҷанҷол бармехезад. Дар ҷараёни ин моҷаро Темур Турсунов бо табар ба Содиқ Мамадов ҳуҷум намуда, усторо 8 табар мезанад ва сарашро аз тан ҷудо мекунад...
Дар кишварамон тез-тез содир шудани чунин кушторҳои ваҳшиёна бисёр ташвишвар буда, аз гум шудани ҳисси раҳму шафқат ва одаму одамгарӣ дарак медиҳанд.
Мақомотҳои маҳаллӣ, раисони ҷамоату шаҳракҳо, раисони маҳалла, омӯзгорон, табибон, равоншиносон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва дигар аъзоёни ҷомеаро лозим аст, ки сарҷамъона ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб муборизаро оғоз намуда, барои аз байн бурдани ҳисси нафрату бадбанӣ дар ҷомеа талош намоянд, вагарна оқибаташ вой хоҳад буд!