Мегӯянд, яке аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат гум шудани одамгарӣ ва аз байн рафтани раҳму шафқату меҳру муҳаббат аст.
Қиёмат кай фаро мерасад, касе ба ҷуз худованд намедонад, вале солҳои охир мо-одамони мусалмон он қадар аз кӯчаи одамгарӣ дур афтодаем, ки дигар ҳатто ба шахсони наздики худ раҳм намекунем. Ҳафтае нест, ки хабари дар ин ё он ноҳия аз дасти шавҳар, писар, бародар ё пайванди дигараш кушта шудани ин ё он зан ё мард ба гӯш нарасад.
Дар арафаи ҷашни истиқлолият боз ду ҳодисаи нангини куштори оилавӣ сар зад, ки аз шунидани тафсилоташон ба тани кас мурғак медамад.
Вазорати умури дохилии кишвар аз содир шудани ду ҷинояти вазнини куштор дар муҳити хонаводагӣ хабар додааст. Рӯйдоди аввал шоми 6-сентябр, тахминан соатҳои 8-и бегоҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови Вилояти Суғд сар зада, як марди 37-солаи сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқ дар ҳолати мастӣ бо зани 40-солаи бародараш ҷангу ҷанҷол намудааст. Дар ҷараёни ин моҷаро марди сархуш ду маротиба ба гардани янгааш бо корд зада, ӯро сахт захмӣ мекунад. Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардшта, дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон ба ҷонофарин супурд.
Ҳодисаи дуюм аз аввалӣ ҳам даҳшатангез буда, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқуъ пайвастааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 6-сентябр, тахминан соатҳои 7-и бегоҳ як ҷавонмарди 30-солаи сокини деҳаи Файзободи ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаи хусураш, ки дар деҳаи Сангтӯдаи ҳамин ноҳия воқеъ гаштааст, рафта, бо ҳамсари 29-солааш ҷангу ҷанҷол мекунад. Дар рафти ин моҷарои хонаводагӣ мард занашро 9 корд задааст. Ҷавонзан бар асари захмҳои хуншори корд дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, марди золим аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Тафтишти ин ду қазияи хунин аз ҷониби мақоми ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.