Arzon march 2024
ДАҲШАТ!!! САДАМАИ МУДҲИШ ДАР НАЗДИ КАЗИНОИ САИДШО
15.02.2021
Р. Азимӣ
13955


Субҳи имрӯз дар чанд шабакаи интернетӣ навори видеоие пайдо шуд, ки аз сар задани боз як садамаи нақлиётӣ дар пойтахт гувоҳӣ медиҳад. Дар навор дида мешавад, ки чӣ тавр автобус бо як мошини сабукравӣ таксӣ бархӯрда, онро ба қавли маъмул маҷақ кардааст.

Овозаву ҳангомаҳо дар бораи ин садама хеле зиёд буданд. Бархе иддао менамуданд, ки бар асари ин садама 8 нафар ҷони худро аз даст дода, чанд нафари дигар захмӣ шудаанд, иддаи дигар шумораи аз ин ҳам бештари қурбониёнро ба забон меоварданд, вале маълум шуд, ки дар асл дар ин садама касе қурбон нагаштааст.

Чанд нафар шоҳидон ҳодиса дар Инстаграм навиштаанд, ки вақти сар задани ин садамаи вазнин ронандаи такси дар дохили автомашинааш қарор надоштааст. Яке аз шоҳидон чунин менависад:
”Ронандаи таксӣ дар сартарошхона мӯйи сарашро паст мекард. Автобус мошини холиро пахш кард..”
Аз наворҳо чунин ба назар мерасад, ки гӯё автобус таксиро зер карда бошад, аммо баъзе шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар асл ронандаи автобус гуноҳ надорад, чунки як мошини дигари сабукрав “помех” дода, боиси сар задани садамаи нақлиётӣ гаштааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД