Arzon march 2024
ДАҲШАТ! БАЧАИ 17 СОЛА БО МОШИН СЕ КӮДАКРО ЗЕР КАРД
2797

Бепарвоии падару модарон дар тарбияи фарзанд ва бе назорат мондани кӯдакону ҷавонон боиси сар задани ҳар гуна фалокат ва ҳодисаҳои нохуш мегардад. Рӯйдоди хунин ва ҷигарсӯзе, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба амал омад, далели равшани ин гуфтаҳост.

Як ҷавони 17-сола боиси захмӣ шудани кӯдакони бегуноҳ ва аз зиндагӣ маҳрум гаштани як писарчаи дӯстрӯяк гашт, ки ҳамагӣ 6 сол дошт. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст. Ба қавли ин манбаи мӯътамад, ҳодисаи нохуш санаи 26-март дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқуъ пайваста, як ҷавони навхати 17-сола бо исми Абдулло Саъдуллев бо мошини тамғаи ВАЗ-21015" якбора се кӯдаки хурдсолро пахш кардааст.

Мошин ба сокини деҳаи Зайнабобод Азизов Бузургхӯҷа Розиқовичи 47-сола таалуқ дошта, ноболиғ бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбарак менишинад ва ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Дарёобод-1 кӯдакони хурдсол- Неъматов Тоҳири 6-сола, Шарифов Абдуллоҷони 5-сола ва Шарифов Эмомуддини 10 соларо пахш мекунад.

Тоҳирҷони 6-сола бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигар зарардидагони ин садама ба бемористон интиқол дода шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД