arzon replenishment
Дарвозабони “Манчестер Сити” ба “Фенербахче” мегузарад?
304

Сармураббии тими “Фенербахче” Жозе Моуринйо ба дарвозабони дастаи “Манчестер Сити” Эдерсон мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора Manchester Evening News хабар додааст.

ТВ “Варзиш” бо истинод ба ин манбаъ иттилоъ додааст, ки мутахассиси португалӣ мехоҳад дар пайи нокомиҳо дар мавсими имсола дастаашро тақвият диҳад.

То имрӯз “Фенербахче” дар ҷадвали Суперлигаи Туркия бо як бозӣ аз пешсаф “Галатасарой” 9 имтиёз қафо монда, дар ҷои дуюм аст. Ин мавсим Моуринйо ҳамчун сармураббии “Фенербахче” аст.

Ёдовар мешавем, ки Эдерсон аз соли 2017 дар “Манчестер Сити” бозӣ мекунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки “шаҳриҳо” омодаанд бо дарвозабони 31-солаи бразилӣ тобистони соли оянда ҷудо шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД