goodwell
«Дарси сулҳ» 31-уми август баргузор мешавад
28.08.2026
Oila.tj
122

Имсол дар Тоҷикистон «Дарси сулҳ» як рӯз пеш аз оғози расмии соли нави таҳсил, яъне 31-уми август баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин рӯз хонандагони синфҳои 8 то 11 ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд ба мактабҳо ва донишгоҳҳо ҳозир шуда, суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизион мустақим тамошо кунанд.

Гуфта мешавад, ки 31-уми август Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-ро ифтитоҳ намуда, бо кормандони соҳаи маориф мулоқот хоҳанд намуд.

Ба иттилои манбаъ, хонандагони то синфи 8 рӯзи 31-уми август ба мактаб намераванд. Барои онҳо соли нави таҳсил рӯзи 1-уми сентябр, мувофиқи барномаи таълимӣ оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД