Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара ва яке аз журналистони муваффақи Тоҷикистон субҳи имрӯз аз олам даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 51 сол дошт.
Гуфта мешавад, ки Иқбол Тешаев як рӯзи ахир дар шӯъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ будааст. Аммо ҳоло дар бораи сабаби марги ӯ иттилое дар даст нест.
Иқбол Тешаев зодаи шаҳри Исфара буда, хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз рӯзноманигорони фаъол дар матбуоти даврӣ буд.
Аҳли эҷоди сомонаи "Оила" аз марги нобаҳангоми ҳампешаи худ, журналисти шинохта Иқбол Тешаев андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд.