Ман як зан-модари тоҷик ҳастам ва мехоҳам қиссаи ҳаётамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам ва духтари ягонаи хонадонамон мебошам. Дар мактаб ба баҳои аьло мехондам, аммо баьди хатми мактаб падару модарам маро ба як хеши дурамон ба шавҳар доданд. Ҷавонро надида будам, вале баьди тӯй ӯро сахт дӯст доштам. Шавҳарам ҳар чи мегуфт, бо ҷону дил дар хизматаш будам, ҳатто нохунҳои пояшро мегирифтам ва ҳурмату эҳтиромаш намуда, ӯро ҳамеша тоҷи сар мекардам.
Шавҳари ман санъаткор буд ва ба қавле фанатҳои бисёре дошт. Ҳамеша бо телефонаш банд буд. Аввалҳо аҳамият намедодам, вале баъди тавлиди духтарчаам як ҳисси рашк маро фаро гирифту ҷангу ҷанҷоламон сар шуд.
Аз рӯйи мухлисони шавҳарам тез-тез ҷангу ҷанҷол мешудем ва ӯ маро зери мушту лагад мегирифт. Девонавор дод мезад, ки ба ман кордор нашав, охир ман санъаткорам ва ҳаётам чунин аст.
Хушдоманам ба ҷойи насиҳат кардан тарафи писарашро гирифта, маро гунаҳкор мекард ва “ба хона зан намебиёрад-ку”гуфта, бештар шавҳарамро балво медод.
Хулоса, азоби сагро мекашидам, вале ба душвориҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ба донишгоҳ дохил шудам ва соҳиби маълумоти олӣ гашта, баьди тавлиди тифли дуюмамон ба кор баромадам. Камтар бепарво шудам, чунки рӯзи дароз дар коргоҳ будам ва монда шуда меомадаму дигар мадори кофтани телефони шавҳарамро надоштам.
Ҳамин тавр тифли сеюмамон ба дунё омад. Гумон мекардам, ки шавҳарам иваз шудааст ва акнун бо ман меҳрубонтар мешавад, вале хаёлам хом баромад. Падари бачаҳоям ҳамоно бо СМС-бозӣ банд ва ҳушу хаёлаш мудом ба мухлисдухтаронаш буд. Шавҳарамро сахт дӯст медоштам ва ҳамеша кӯшиш мекардам, ки диққати ӯро ба худ ва фарзандонам банд созам, аммо намешуд.
Инак, хаёти оилавии моро зиёда аз 10 сол мешавад, аммо шавҳарам як зарра ҳам дигар нашудааст. Умраш ба 40 дакка хӯрда бошад ҳам, худро ҷавони 18 сола хаёл карда, ҳамоно бо духтарон СМС-бози карда мегардад.
Барои он ки ҳушаш ба сараш занад, як –ду бор гуфтам, ки агар ҳамин хел кардан гирад, оқибат ҷудо мешавем, аммо бепарвоёна даст афшонда “ихтиёрат, чи хеле, ки мехоҳӣ, кардан гир” мегӯяд.
Ростӣ, аз чунин зиндагӣ сахт хаста шудаам, охир ман ҳам зан ҳастам ва меҳрубонию навозиш мехоҳам. Дар ҳусну ҷамол аз касе камӣ надорам, шукри худо модари 3 фарзанд ҳастам, вале чаро шавҳарам маро ба як пули пучак ҳам намехарад, намедонам.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Худамро ба кӯрию карӣ зада, зиндагиро идома диҳам ё аз баҳри чунин шавҳари занбоз гузашта, таёқамро ба равшанӣ занам?
Румия, муштарии Оила. ТЧ