arzon replenishment
Дарди дили зани ҳомила
1583

Салом! Ман Фариза, сокини шаҳри Душанбе. Соҳиби як писарча ҳастам ва бар замми ин боз ҳомиладорам. Ба маслиҳат ва кӯмаки шумо ниёз дорам.

Ҳомилагӣ боиси камқувватию камхуниам гаштааст, бар замми ин миёндард ва дарди гурда дорам. Вақте аз назорати духтур гузаштам, духтурҳо “ин ҳолат барои зани ҳомила бисёр хатарнок аст” гуфта, дорую дармони зиёде навиштанд, вале бо сабаби хонашин буданам, ман имконияти харидани доруҳои фармудаи табибонро надорам.

Хусуру хушдоманам ба ман дорӯву дармон харидан намехоҳанд. Мегӯянд, ки токат кун, зиндагӣ ҳамин аст, хайр дард мекунад, чо мекунӣ. Мо пули зиёдатӣ надорем, ки барои ту дорую даво харем. Форад ҳамин, нафорад баромада рав...

Падару модари худам пиранд ва барои ба ман дорую дармон харидан на пул доранду на имконият. Шавҳари муҳоҷирам чанд моҳ боз дар шаҳри Маскав бе кор гаштааст ва пуле надорад, ки чипта харида ба Ватан баргардад. Ба фикри шумо ман бояд чи кор кунам?

Сабр кунам аз пойи равон мемонам. Ягон кас имконияти кӯмак кардан надорад? Агар дошта бошед, илтимос ба хотири писаракам кӯмаки худро аз ман дареғ надоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мино 2023-08-20, 13:08
Фируза ракамхои телефона монед ки одамхо кумак кунанд. Хизмати Хирсона кардед ку. Шутура лаби даре овардеду ташна баргардондед ку.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мино 2023-08-20, 13:08
Фируза ракамхои телефона монед ки одамхо кумак кунанд. Хизмати Хирсона кардед ку. Шутура лаби даре овардеду ташна баргардондед ку.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД