Ман як модари танҳо ва иҷоранишин ҳастам. Кӯдаки қариб 3-сола дорам. Кор мекунам ва агар кор накунам, зиндагии маро ҳеҷ кас пеш намебарад.
Медонед, ки бо кӯдак ягон ҷо ба кор қабул намекунад. Маҷбурам, ки тифламро дар хона маҳкам карда ба кор равам. Ба боғчаи кӯдакон монам гуфта равем, директори боғча ақалан саломи мара алейк намегирад ва қабул ҳам намекунад.
Маҷбур, кӯдакамро дар хона маҳкам карда кор меравам. Ягон имконияти дигар надорам, ҳайрон мондам ва дилам ба кӯдакам месӯзад.
Ба сад зора рафтам ва бо “через” пеши муаллима (директори боғча) даромадам, аммо ба дағалӣ дучор шудам.
Чанд рӯз рафтам, директор нест гуфтанд. Ман наметавонам кӯдакамро ба боғчаи шахсӣ супорам, зеро он ҷо маблағи калон талаб мекунанд, банобар ин, ба ягон боғчаи шахсӣ нарафтам. Моҳонаи хеле кам мегирам, ки ба рӯзгорам базӯр мерасад.
Ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, чӣ кор кунам? Ё боз ҳам кӯдакро дар хона маҳкам карда ба кор равам? Ягон фалокате шавад, он гоҳ сарамро ба куҷо мезанам?
Бо эҳтиром, Солеҳа АЛИМОВА