Тобистони соли гузашта писарчаи дӯстрӯякам дар канали назди хона ғарқ шуд. Ӯ ҳамагӣ чорсола ва ягона фарзанди ману шавҳарам буд.
Исматҷони мо бисёр шӯх ва ягона воситаи дилхушии ману шавҳарам буд. Ба хотири ӯ шавҳарам ҳар тирамоҳ аз муҳоҷират меомаду як моҳ пеши мо меистод. Пас аз марги ногаҳонии Исматҷон дигар майли муҳоҷират накард ва мехоҳад дар рӯзҳои барои ҳардуямон вазнин якҷо бошем. Ман аз ин рафтори шавҳарам аз ӯ ҳазорон бор миннатдорам.
Исматҷони мо вақте ки дар лаби канал бозӣ мекардааст, якбора пояш лағжида ба канал афтодааст. Мутаассифона, он вақт дар атроф касе набудааст. Ҳарчанд канал он қадар чуқур ҳам намбошад, аммо ба бадбахтии мо дар он наздикиҳо, дар он соат нафаре набуд, ки ӯро наҷот диҳад.
Ҳоло ману шавҳарам - Раҳматҷонро дӯстону наздиконамон дилбардорию тасаллӣ медиҳанд, ки аз онҳо миннатдорем. Аз Худованд зорӣ мекунам, ки ба ивази Исматҷон ба мо фарзанди дигаре ато фармояд. Ҳарчанд медонам, ки ягон фарзанди дигар ҷойи Исматҷонамро гирифта наметавонад, аммо як тасаллои дили озурдаи мо хоҳад шуд.
Дар ҳаққи ману шавҳарам дар ин моҳи Шарифи Рамазон дуо кунед, ки соҳиби фарзанд шавем.
Дуогӯи шумо: Шарифамоҳ САЛИМОВА, н. Ҳамадонӣ