Ману шавҳарам 26 сол боз зиндагии хушу хурсандона дорем. Шавҳарам дар амбулаторияи деҳа кор мекунад, ман бошам, ҳамшираи шавқат ҳастам. Мо се писару ду духтар дорем.
Писари калониям бисёр бачаи гапдаро ва дастёри беминнат буд, аз ҳамин сабаб ӯро назар ба дигар фарзандонам бештар дӯст медоштам. Пас аз хатми мактаби миёна мо ӯро ба Консерватория дохил кардем. Ӯ дар як муддат сурудҳои зиёд бароварда, дар байни мардум шинохта гардид. Умедам аз писарам зиёд буд, вале бачаи сархаму намозхони мо аз пеши чашмамон ба шаҳр хонданӣ меравам ва сарояндаи номӣ шуда бармегардам гуфту бо ҳамин падару модар, бародару хоҳар ва хешу ақрабояшро фаромӯш кард. Тағояш хабар овард, ки писаратон дар шаҳр ба як зани аз худаш 15 сол калон оиладор шудааст ва дар хонаи ҳамон зан зиндагӣ мекунад. Ростӣ, аввал ба ин гап бовар накардам. Бародарам ману шавҳарамро ба шаҳр бурд, то ки ҳамаашро бо чашми худамон бубинем. Рост ба донишгоҳаш рафтем. Гумон доштам, ки писари звездаи ман, моро сахт пазмон шудааст ва бо диданамон курта-курта гӯшт мегирад, аммо ӯ бо қошу қавоқи овезон ба назди мо баромада гуфт: “Что вам от меня надо? Если хотите вернуть меня в кишлак, то я не хочу ехат! У меня куча заказов. Оставте меня в покое. Я вас больше знат не хочу...”
Падараш сахт асабӣ шуда, шапотии обдоре ба рӯяш фаровард. Писарам сахт ба ғазаб омада дод зад: “ Убери руку, не имееш право! Вас не косается женат я, или нет. Я никогда не вернусь в деревню!”
Эҳсос намудам, ки писари ситоракасали мо ба шаҳр омада, на танҳо ақл, балки забонашро ҳам гум кардааст. Падараш ӯро дашном мекарду ман зор- зор мегиристам. Барои он мегиристам, ки бачаи бо ҷону дил баробарам бо ман салом кардан он тараф истад, ҳатто ба рӯям нигоҳ накард. Тағояш ба суҳбати мо ҳамроҳ шуда, писарамро насиҳат кард, ки девонагиро бас кунад, вале ба оби чашми ману падараш нигоҳ накарда, вай мисли як бегона аз мо рӯй гардонида давида рафт.
Баҳром Ғафурӣ: Дар хонаи мо ҳама “Оила” мехонанд
Ҳамин тавр бо дили хунчакон ба хона баргаштем. Шавҳарам ҳама фарзандонамонро ҷамъ карда гуфт, ки аз ҳамин рӯз эътиборан онҳо дигар ака надоранд. Хаёл кунанд, ки писари ман мурдааст. Бо шунидани ин гап дар чашмони фарзандонам донаҳои ашк пайдо шуд, вале аз тарси падарашон чизе нагуфтанд. Шавҳарам чунон вонамуд мекунад, ки гӯё дар ҳақиқат чунин писар надошт, вале эҳсос мекунам, ки аз ғами ин бача дарун ба дарун сӯхта хокистар мешавад. Магар падару модар метавонад меҳри фарзандро аз дил берун созанд? Ҳаргиз! Фарзанд метавонад волидонашро ба ёд наорад, вале дили падару модар, то нафаси охирин бо ёди фарзанд метапад.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хел писарамро аз ин роҳи хато баргардонам? Хешу табор мегӯянд, ки ҳамон зани маккораи 40- сола бо ҷодугарӣ ақли писарамро дуздида, ӯро аз мо дилхунук кардааст. Ростӣ, ман ба сеҳру ҷоду бовар надорам, вале ғами писари сарояндаам маро аз пой афтонида истодааст. Касе ҳаст, ки роҳи халосӣ аз ин дарду ғамро ба мо нишон диҳад?
Моҳрӯ, модари гирён
Р.S: Мо ба хотири риоя кардани обрӯ ва эътибори ин сарянда , ному насаб ва ҷойи истиқоматашро махфӣ нигоҳ доштем. Модараш низ дар ин шабу рӯз аз рафтори писараш нигарон гашта, ҳарҷӣ зудтар мехоҳад, писарашро аз интихоби нодурусташ, раҳо намуда, назди худ баргардонад. Боварӣ дорем, ки хонандагони азиз, шумо бо маслиҳатҳои судманди хеш ғами ин модари гирёнро каме ҳам бошад сабук мегардонед.