arzon replenishment
Баҳром Ғафурӣ: Дар хонаи мо ҳама “Оила” мехонанд
2162

-Аксари сарояндагони тоҷик ҳавасу ҳавсалаи китобу газетахонӣ надоранд. Баҳром ҳам аз хондан қимоб аст ё...?

-Ман баръакс, агар китобу рӯзнома нахонам, бемор мешавам. Аслан дар хонадони мо ҳама ба ин “беморӣ” мубтало ҳастанд. Аз модарам сар карда, то кӯдакони хурдсол дар хонаи мо ҳама рӯзнома мехонанд.

-Махфӣ набошад, мегуфтед, ки кадом рӯзгномаҳоро мехонед?

-Газетаи дӯстдоштаи аҳли хонаводаи мо “Оила” аст. Ман ҳам ин рӯзномаро дӯст медорам, чунки дар бораи ҳунармандн зиёд менависанд. Ман дар чанд озмуне, ки “Оила” ташкил карда буд, иштирок доштам. Солҳои 2003 ва 2008 ин газета озмуни “Ситораи сол”-ро ташкил карда буд, ки дар сатҳи олӣ гузашт. Шабнами Сурайё, Манижаи Давлат, Нозия ва Муҳаммадрафии Кароматулло, Нигора ва Сураш Холовҳо, -раҳматии Суҳроби Сафарзод, хулоса тамоми ситораҳои санъати тоҷик дар ин озмун иштирок доштанд. Ман то имрӯз фиттаи ин чорабиниҳоро дар хонаам нигоҳ медорам ва аз тамошояш лаззат мебарам.
-Чун сухан аз “Оила рафт, дар боби оилаву оиладорӣ ба шумо чанд суол доштем...
-Марҳамат бипурсед, Баҳром ягон сирри махфӣ надорад.

-Қонун дар бораи масъулияти падару модар баромад. Баҳром Ғафурӣ барои тарбияи фарзандонаш вақт меёбад ё ҳамеша банди кору эҷод ҳастед?

-Новобаста ба серкориам ман ягон рӯз, ягон соат ва ҳатто ягон лаҳза нисбати тарбияи фарзандонам бепарво набудам ва нестам, чунки мо барои кӯдаконамон дар назди худову халқ ва дар назди худи онҳо ҷавобгар ҳастем. Кӯдак лой асту волидон кулолгар, фарзандонамон кӣ мешаванд, ояндаашон чӣ мешавад, аз мо, падару модарон вобастагӣ дорад. Барои ҳамин на танҳо ман, балки падару модарам, яъне бибию бобояшон низ бачаҳои маро сахт мегиранд. Фарзандонам дар беҳтарин мактабҳо таҳсил карда истодаанд ва боварӣ дорам, ки ояндаашон дурахшон хоҳад буд.

-Рӯзномаи фарзандонатонро сари чанд вақт тафтиш мекунед? Дар як сол, дар як моҳ ё дар як ҳафта як маротиба?


БАҲРОМ ҒАФУРӢ: ЗАН ПУШТИ САР, МАЪШУҚА НАРАНҶАД!



Ҳар бегоҳ тафтиш мекунам. Ман дар сафар бошам, ин корро модар ё бобояшон мекунад.

-Писаратон баҳои 2 гирад, ӯро танбеҳ медиҳед?

-Хушбахтона фарзандони ман бо баҳои хубу аъло мехонанд. Баҳои 2 гирифта, рӯзашонро бинанд!

-Наход худатон ягон бор баҳои 2 нагирифта бошед?

-Ман дугирак набудам. Дар умрам танҳо як маротиба баҳои 2 гирифтам. Падарам бисёр одами сахтгир ва серталаб буданд. Тарс балои ҷон гуфтагӣ барин, аз тарси шаттахӯрӣ ба болояш “белизна” рехтам, то ки баҳоямро тоза кунам. “Белизна” дар варақи рӯзномаам паҳн шуда рафту барои як баҳои 2 шуда, чанд баҳои 5-и гирифтаам кӯр шуд. (механдад)

-Мегӯянд, ки санъаткор шудан яке аз осонтарин роҳҳои бойшавист. Рост аст?

-Ҳунармандон чанд намуд мешаванд. Ҳастанд ҳунармандоне, ки оҳанг офарида мефурӯшанд, боз ҳастанд тоифае, ки аз эҷоди дигарон истифода мебаранд. Ман барои бой шудан ин пешаро интихоб накардаам, вале аз касбам ягон шкоят надорам. Миллионер набошам ҳам, зиндагии серу пур ва орому осуда дорам. Аз ҳама муҳимаш мардум маро мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд. Боигарии ҳунарманд пеш аз ҳама мухлисони ҳунараш ҳастанд.

-Баҳром, мо шуморо дар чанд филм низ дидаем ва бояд иқрор шуд, ки бисёр моҳирона нақш мебошед. Бигӯед, ки барои як сароянда дар филм ба пӯсти шахси дигар даромадан, яъне ба образ ворид гаштан душвор аст ё осон?

-Бори аввал ман дар филми “Сукут” худро санҷида, нақши бойбачаи пулмастро бозидам, вале аз кӯдакӣ ба синамо шавқу завқи зиёд доштам. Истеъдоди модарзод ва ҳамеша дар саҳна буданам дар офаридани ин нақш ба ман хеле кӯмак расонд ва чандон мушкилӣ накашидам.


МАҶНУНИ ТОҶИК ЛАЙЛИИ УЗБЕКИСТОНРО ДУЗДИД?


Дар филми “Кин” нақши милитсионерро мебозам. Онро тамошо кунед, баъд хулосаатонро мегӯед, ки аз Баҳром Ғафурӣ милитсионер мебарояд ё не? (механдад)

-Сарояндагоне ҳастанд, ки ҳангоми интихоб ба матн чандон аҳамият намедиҳанд ва дар натиҷа сурудҳояшон бе мазмун баромада, танқид мешунаванд. Дар эҷодиёти Баҳром Ғафурӣ ман ягон суруди бе мазмун ё бе мантиқро пайдо карда натавонистам. Сирри чунин интихоби олӣ дар чист?

-Суруд бо оҳанг тавъам набошад, ба дил роҳ намеёбад. Шеъру оҳанг мисли ҷон ва тан ҳастанд. Тан бе ҷон ҳаракат намекунад ва ҷон бе тан ҳеҷ аст. Суруду оҳанг низ айнан чунин муносибат доранд...

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ ва ҷолиб. Ба шумо комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД