- Э, апаи Саодат, то охирон алафи бегонаро ҳам меканеде, монед, ин қадар бо ҳавсала кор накунед. Барои пагоҳ ва дигарон ҳам кор монад охир. Ҳамаашро худатон мекунед.
Дили одам камтар бошад ҳам, барои худаш сӯхтанаш лозим. Ин мардум ба қадри кори мо бе ин ҳам намерасанд,-ба Саодати 60-сола, ки таги гулҳои шаҳрро нарм карда, алафҳои бегонаашро мечид, нигоҳ карда гуфт Ситора.
Ин духтарак ба хурд буданаш нигоҳ накарда, ба ҳамкори солмандаш маслиҳат медод, зеро, таҷрибаи зиндагӣ ӯро аллакай инсони комил намуда буд. Кампир ба чеҳраи духтарак нигоҳ карда:
- Ситораҷон, ман худам меҳнатро дӯст медорам, ғайр аз ин мехоҳам пули гирифтаам ҳалол шавад. Корро кашол дода, сарам дилам кор кунем, пули гирифтаамон заҳри бадан намешавад, магар?!
Дигар ин хел нагӯед холаҷон. Аз соати чори саҳар ё дуи шаб хобатонро ҳаром карда кӯчарӯби меоеду боз пулатон ҳалол намешудааст. Ҳар як тангаи гирифтаатон ҳаққу ҳалол аст, оши танатон шавад! Шумо бо арақи ҷабину обилаи дастон кор мекунед. Ин дуздӣ не-ку...
- Дуруст мегуӣ Ситораҷони ман. Хайрият, ки ҳастӣ, бо ту ҳамсӯҳбат мешаваму анча худро сабук ҳис мекунам. Ба қавле ба дардам марҳами, -хитоб кард кампири рӯбанда.
-Нагӯед холаҷон, ман ҳам ба шумо одат кардаам. Доимо дар кунҷи дилам шуморо фикр мекунам. Бовар кунед, мисли мисли модарам шудаед.
- Мисли модарат?! Биё мон аз ман барин модар доштан, надоштан беҳ,-оҳи сард кашид кампири Саодат.
-Чаро мудом ҳамин хел мегӯед холаи Саодат? Як модари меҳрубону муштипар ҳамин қадар мешавад, охир. Боз ба синну солатон нигоҳ накарда шабу рӯз меҳнат мекунед. Гарму сард намегӯед. Бар замми ин то тангаи охиринатонро ба фарзандонатон, ки кӯҳро зананд, талқон мешавад, медиҳед.
-Ростӣ намедонам, ки чӣ гуна модар ҳастам, аммо фарзандонам аз ман норизо. Ҳамеша "аз ту барин модар доштан, ятим ба воя расидан беҳ" мегӯянд. Аз ман барин модар ор мекунанд, - ҳиққос зада, чун кӯдакон сарашро ба китфони Ситора монда, гиря кард кампир.
- Он фарзандоне, ки ба қадри шумо барин модар намерасанд, ҳам дунё ва ҳам охираташонро барбод додаанд. Модар чунон бузург аст, ки биҳиштро зери қудумаш гуфтаанд.
- Намедонам Ситораҷон ман дар куҷо хато кардаам. Бо ҳамин пули рӯбандагӣ онҳоро дасти танҳо ба воя расондам. Нахӯрдам, напӯшидаму барояшон ҳамеша чизҳои пеши бозорро овардам. Бо кадом пул бо ҳамин пули рӯбандагӣ! Магар ин кори айб аст? Меҳнат кардан, новобаста аз он ки чӣ гуна меҳнат аст, ҷойи бади надорад-ку! Ҳамин шабу рӯз садҳо, ҳазорҳо одамон пинҳону ошкор бароямон ташаккур мегӯянд, ки ба нури шаҳр нур зам мекунем, вале фарзандони худам аз касбу кори ман норизо... Ситораҷон ба ту дарди дил мекунаму боз зиқ мешавам, ки модар шуда, фарзандонамро ғайбат мекунам. Сахт метарсам, мабодо ин гап ба гӯши бачаҳоям нарасад гуфта...
-Дилпур бошед аз холҷон, ман ба касе чизе намегӯям. Шумо ин қадар зиқ шуда худро нахӯред. Як рӯз не, як рӯз ҳамааш хуб мешавад. Холаҷон ду духтару як писар доред. Магар онҳо оиладор нестанд? Боз чаро ба пулҳои гарму сард нагуфта ёфтаатон чашм ало мекунанд?
-Ду духтарам ҳар гоҳе, ки омаданд, "ба мо ман пул диҳед, ки дар хонаи шавҳари камбағали додаатон чизи хӯрданӣ нест! Гӯштзирбон нест, мурғбирён, нест, оби газноку торту ширинӣ нест" -мегӯянду бо зораву нола пуламро кашида мегиранд.
Кашондани онҳоро дида келинам писарамро иғво меандозад, ки модарат ёфту тофташро ба хоҳаронат медиҳад. Ана баъд писарам ҳам аз мани кампири як по дар лаби гӯр пул талаб мекунад.
-Холаҷон, шумо шавҳаратонро барвақт аз даст додаед, вале худро мард гирифтаю бо сад азоб кор карда, рӯзғорро аз будаш зиёд карда мондед, барои ҳамин ҳам фарзандонатон "бо дода қаноат" карданро хуб намедонанд. Холаҷон, маро бубахшед, лекин дар чунин ба воя расидани фарзандонатон айби шумо ҳам ҳаст. Шумо шароити онҳоро сад не, дусад фоиз карда мондаед ва онҳо ба чунин шароит одат кардаанд, вале...
(Давом дорад)