arzon replenishment
Дарди дили бачаи бе оча
11.06.2023
ОИЛА
1375


Салом! Ман, як ҷавони 22-солаи бемодар мехоҳам дарди диламро ба шумо бигӯям. Чанд сол боз беморам, аниқтараш асабҳоямкамтар хароб ва хотирпарешону хаёлӣ шудаам.

Азоби ятимӣ маро ба ин ҳол расонд. Модарам сари фарзанд рафтааст, мани бетақдир на рӯйи гарми модарамро дидаам, на аз меҳру муҳаббаташ як зарра бӯе шамидаам. Аз рӯзе, ки худро мешиносам, танҳо ҳақорат мешунавам.

Ёд надорам, ки касе ягон бор сарамро сила карда ба ман як сухани хуш гуфта бошад. Дар кӯчаҳо мисли девона мегардам, касе хоҳад, маро бо санг мезанад, озор медиҳад, таҳқиру дашном медиҳад. Аз дунё сер шудаам, намедонам сари сахтамро ба кадом дар занам. Аксар вақт фикр мекунам, ки агар модарам зинда мебуд, шояд мани бемор чунин хору зор намешудам. Хор шудам бе модар, хори сари роҳи ҳар касу нокас!

Ятими кул нестам, падар дорам, вале тавре мегӯянд, модар, ки мурд, падар падарандар мешавад. Барои падарам аслан фарқ надорад, ки ман зиндаам ё мурда, парвои ғаму дарди ман надорад ин мард.
Муроди бетақдир

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Тарона 2023-09-17, 23:06
Илтимос ракамои хамин муродчонро манда тиен коргарони оила илтимос ракамоша тиен .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Тарона 2023-09-17, 23:06
Илтимос ракамои хамин муродчонро манда тиен коргарони оила илтимос ракамоша тиен .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД