goodwell
Дар Вазорати фарҳанг cабаби унвони давлатӣ надоштани Бахтиёр Раҳимовро гуфтанд
06.07.2026
Oila.tj
291

Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ки Бахтиёр Раҳимов, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо-кампания» то замони даргузашташ барои дарёфти унвони давлатӣ ҳуҷҷат пешниҳод накарда буд.

Абдуфаттоҳ Аминзода, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат шарҳ дод, ки Бахтиёр Раҳимов дар ягон муассисаи тобеи Вазорати фарҳанг расман фаъолият намекард ва то замони фавташ ҳуҷҷатҳои ӯ барои гирифтани унвон ба вазорат ворид нашуда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта бо дастури вазир намояндагони вазорат бо Раҳимов тамос гирифта, аз ӯ хостаанд, ки ҳуҷҷатҳояшро омода кунад. Вале, ӯ он вақт бо табобат машғул буда, гуфтааст, ки баъди беҳтар шудани вазъ ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунад, аммо ин кор анҷом нашудааст.

Вазорати фарҳанг инчунин хотиррасон кард, ки Бахтиёр Раҳимов соҳиби унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД