Sebiston new 2024 october
Дар Твер хобгоҳи муҳоҷиронро оташ заданд
315

Дар Твер хобгоҳи муҳоҷиронро оташ заданд

Дар шаҳракаи Новозавидовскии Твер хобгоҳи муҳоҷирони меҳнатӣ оташ гирифтааст. Ҳодиса рӯзи 20-октябр сар зада, марде, ки хобгоҳро оташ задааст, яке аз сокинони ҳамин бино будааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи мазкур хабар додаанд.

“Бар асари сӯхтор роҳрав ва ҳуҷраҳои хобгоҳ зарар дидаанд. Яке аз сокинони бино ҳангоми сӯхтор аз тарс худро аз ошёнаи дуюм ба замин ҳаво дода, захмӣ шудааст. Ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад,”-иттилоъ додаанд кормандони пулис.

Ба қавли намояндагони мақомоти корҳои дохилии Россия дар Твер хобгоҳро яке аз сокинони ҳамин бино бо бензин оташ задааст. Гумонбар дастгир шуда, дар пурсиши пешакӣ гуфтааст, ки музди меҳнаташро надоданд ва ӯро “кидат” карданд, аз ҳамин сабаб аз алам хобгоҳро оташ задааст.

Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки чи тавр мард аз зарфи пластикӣ моеъро ба долони хобгоҳ мепошад ва баъдан бо касе баҳсу мунозира намуда, хобгоҳро оташ мезанад.

Нисбати боздоштшуда бо қисми 2-и моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (қасдан несту нобуд кардани дороӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД