goodwell
Дар Тоҷикистон таваллуд зиёд, ҳодисаҳои фавти модару кӯдак кам шудааст
32

Дар Тоҷикистон таваллуд рӯ ба афзоиш ниҳода, тӯли шаш моҳи соли равон 121 ҳазору 810 кӯдакони навзод ба дунё омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 137 нафар бештар мебошад.

Дар ин бора имрӯз, 8-уми июл муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки ҳифзи саломатии модару кӯдак дар маркази диққати давлату Ҳукумати кишвар ва кормандони соҳаи тандурустӣ қарор дошта, хушбахтона ҳодисаҳои фавти модару кӯдак нисбат ба солҳои пешин ба маротиб кам шудааст.

Фавт ба ҳар 1000 таваллуди зинда 10,6-ро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ин рақам дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳудудан 11,4 буд. Фавти кӯдакони то 5-сола низ коҳиш ёфта, ба 1000 таваллуди зинда 12,6-ро ташкил медиҳад. Ин рақам дар соли 2025 ба ҳар 1000 таваллуди зинда 13,6-ро ташкил медод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД