Зимни нишасти матбуотӣ Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси ширкати нави ҳавопаймоӣ дар кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати мазкур «Шоҳин Эйрлайнс» ном дошта, айни замон дар ихтиёри худ се чархбол дорад.
Интизор меравад, ки фаъолияти ширкат ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ мусоидат намуда, сатҳу сифати хизматрасонии ҳавоиро беҳтар гардонад.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки айни замон қариб дар ҳамаи хатсайрҳо нархи чиптаҳо поён рафта, афзоиши шумораи хатсайрҳо идома дорад.