Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 18-уми феврал оғоз мегардад.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ин сана ба тақвими қамарӣ мувофиқ аст.
«Қарори ниҳоӣ оид ба оғози моҳи Рамазон дар ҷаласаи Шурои уламои Тоҷикистон дар моҳи феврал қабул карда мешавад. Ҳамон ҷо маблағи садақаи фитр, закот ва фидя низ эълон хоҳад шуд»,- меафзояд манбаъ.
Бояд гуфт, ки соли гузашта маблағи садақаи фитр 8 сомонӣ, закот 900 сомонӣ ва фидя барои 30 рӯз дар ҳаҷми 480 сомонӣ муайян шуда буд.