Мо мехоҳем дар Тоҷикистон мактабҳои наве боз намоем, ки забони фаронсавиро меомӯзанд.
Хоҳишмандони омӯзиши забони фаронсавӣ дар ин кишвар хеле зиёданд, вале сафорат ба он хотир ин тасмимро ҷиддӣ роҳандозӣ намекунад, ки гуфтугӯ бо забони фаронсавӣ қариб мушоҳида намешавад.
Мишел Тарран, сафири Фаронса дар Тоҷикистон ин нуқтаро дар як вохӯрӣ бо рӯзноманигорон қайд кард. Номбурда илова намуд, ки чунин мактабҳо дар ҷаҳон зиёда аз 400 ададро ташкил медиҳанд.
Ҷаноби Мишел Тарран қайд кард, ки соли 2021 барои ба роҳ мондани муносибатҳои дутарафаи Тоҷикистону Фаронса хеле соли бобарор буд. Яке аз беҳтарин рӯйдодҳои сол ин албатта кушодашавии Намоишгоҳ дар осорхонаи давлатии Фарҳанги Осиёӣ ба номи Гиммейл мебошад, ки бо иштироки сарони ду кишвари ба ҳам дӯст, Тоҷикистону Фаронса сурат гирифта буд.
Моҳи марти соли 2022, 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Фаронса ва Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Вобаста ба ин санаи таърихӣ, нақша дорем, ки китоберо бо чор забон, фаронсавӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расонем. Китоби мазкур тақрибан 15 маводеро дар бар мегирад, ки дар бораи кишвари мо бо забонҳои гуногун таълиф ва чоп шудаанд.
Дар ин нишаст масъалаҳои дигари муносибти дутарафаи Тоҷикистону Фаронса низ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.