Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута дастур доданд, ки барои васеъ гардонидани самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ талош намоянд. Сарвари давлат қайд карданд, ки ҳамоно Русия ҳамчун кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боқӣ мемонад, вале дар замони муосир ин кофӣ нест.
“Бо дарназардошти равандҳои муосири муҳоҷирати меҳнатӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо бояд барои васеъ намудани самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари дар ин ҷода мавҷудбуда тадбирҳои суманд андешанд”,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар маҳаллаҳои сераҳолии кишвар марказҳои махсуси омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногуни замонавиро боз карда, ба баланд бардоштани касбияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ёрӣ расонанд, то ки онҳо ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯй ва рақобатпазир гарданд.
Ёдрас мешавем, соли 2024 дар ҷумҳурӣ 4 маркази нави омодагии касбии муҳоҷирон кушода шуд, ки то 8 ҳазор нафарро омӯзиш дода метавонанд.
Президенти мамлакат рушди муҳоҷирати меҳнатиро яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки ҳамзамон барои танзими самараноки бозори меҳнат сиёсати дурусти бо кор таъмин намудани мардумро ҷорӣ кардан лозим аст.
Сарвари давлат ҳукумати кишварро муваззаф гардониданд, ки дар 5 соли наздик барои ташкил кардани беш аз 1,4 миллион ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллии кишвар чораҳои зарурӣ андешанд.
Ёдрас мешавем, ки соли равон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд давлати пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Қатар созишномаҳо ба имзо расида, алакай аз моҳи январи соли 2025 муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба ин давлатҳо фиристода мешаванд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ва зерсохторҳои он барои ҳамаҷониба омода шудани муҳоҷирон ба кор дар кишварҳои хориҷӣ курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунаромӯзиро ташкил кардааст. Шахсоне, ки мехоҳанд ба давлатҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, метавонанд дар ин курсҳо забонҳои хориҷиро омӯхта, касбҳои нави замонавиро, ки имрӯз дар бозори меҳнат талабот ба ин касбҳо зиёд аст, дар муддати кӯтоҳ аз худ намоянд.