Sebiston new 2024 october
Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирон марказҳои ректутингӣ мекушоянд
704


Дар Тоҷикистон бунёди марказҳои ректутингии таълимӣ барои муҳоҷирон ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин марказҳо асосан муттахассисонро барои бозори меҳнати Россия омода хоҳанд кард.

Тавре ки Ислом Назаралиев, раиси Шӯрои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо molbulak.ru гуфтааст, марказҳои рекрутингии таълимӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои ҷавобгӯй гаштан ба талаботҳои бозори меҳнати Россия омода намуда, дараҷаи тахассус ва касбияти онҳоро баланд мебардоранд.

Назаралиев таъкид кардааст, ки қарори мазкур ҳангоми мулоқот бо намояндагони Маркази амнияти саноатии "Аландр"қабул шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, ин марказҳо дар таҳияи барномаҳои иловагии касбии омӯзишӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таълими касбҳои гуногун тахассус хоҳанд дошт.

“Ин марказҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак мерасонанд, ки қабл аз чун муҳоҷири меҳнатӣ ба Федератсияи Россия омадан, пешакӣ аз нигоҳи касбият ҳамчун муттахассиси хуб омода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик минбаъд дар Россия дар вазифаҳои баландтар кор карда, даромади бештар ба даст оранд”-гуфтааст Назаралиев.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД