Дар ҷамоати шаҳраки Ғончиии ноҳияи Деваштич, мактаби мусиқии бачагонаро ба номи санъаткори марҳум-Дамирбек Олимов гузоштанд.
Дар ин бора мудири шӯъбаи идеологияи ҳукумати ноҳияи Деваштич Шарифзода Мақсуда Ёқубӣ ба хабарнигори минтақаавии сомонаи ОИЛА ТҶ хабар додааст. Ҳамчунин номбурда қайд кардааст, ки ин иқдоми неку шоиста дар Маҷлиси вакилони Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ пешниҳод гашта, аз ҷониби аъзоёни маҷлис пазируфта шуд.
Қарори Раиси маҷлис Ҳамроқул Қулдошев № 12/4 оиди номгузории мактаби мусиқии бачагонаи шаҳрак ба номи санъакори маъруф Дамирбек Олимов, 26-уми сентябри соли ҷорӣ баромад.
Дамирбек Олимов, санъаткор маънисор дар синни 33 солагӣ бар асари садамаи нақлиётӣ, соати 01:00-и шаби 5-уми феврал дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор” ба вуқуъ пайваст, ҷони худро аз даст дод
Сабаби марги Дамирбекро масъулини РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар риоя карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ гуфта буданд, ки дар натиҷаи бо суръати баланд рондани мошин аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳроӣ пайваста чанд маротиба тоб хурда баъдан чаппа шудааст.” Ин сароянда ҳамон шаб аз маъракае бармегашт.
Суруди нотамом, ки ниёиш ба Худованд буд
Марги санъаткор ҷавону умедбахш, ки бо сабку салиқа, интихоби матн, ба бар кардани либоси милли мардона чандин хислатҳои ҳамидааш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта буд, ҳамаро андӯҳгин кард.
Қурбон Бобоҷонов, коргардони клиптаронаҳои Дамирбек Олимов дар сӯҳбат ба журналистон гуфта буд, охирин суруде, ки ӯ мехост омода кунад, ниёиш буд.
“Эй бор худои аршу курсӣ,
Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.
Имону амону тандурустӣ,
Илму амалу фарохдастӣ.
Ё Оллоҳ, ё Оллоҳ ...
Бо ҳамин матн як ғазали наверо омода карда истода буд, ки ин охирон эҷодиёташ гардид.”,--гуфта буд Бобоҷонов.
Имрӯз аз Дамирбеки ғӯрамарг се фарзанд ба ёдгор мондаанд, ки писари калонияш-Олимҷон Олимов бо вуҷуди хурдсолӣ алакай бо сурудҳои падар гоҳ-гоҳ рӯи саҳна меояд. Суруди маҳбубӣ “Бачагиям”-ро дар пайравӣ ба падараш мехонад.
Имрӯз номгузорӣ шудани мактаби мусиқӣ ба номи Дамирбек Олимов пос доштани хотираи ҳунарманде, ки барои муррафӣ гардидани санъати тоҷик саҳми бозасозӣ худро гузошта буд.