goodwell
Дар Суғд ситоди вилоятии «Тобистон-2026» ташкил шуд
05.05.2026
Oila.tj
60

Қарори навбатии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» ба имзо расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бар асоси ин қарор, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғату солимгардонии кӯдакону наврасон, инчунин ташкили босамари таътили тобистона, ҳайати Ситоди вилоятии «Тобистон-2026» таъсис дода шудааст.

Тибқи санади мазкур, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин Раёсати маорифи вилояти Суғд вазифадор гардидаанд, ки барои ба роҳ мондани истироҳати мақсадноки кӯдакону наврасон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Аз ҷумла, барои омодасозии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, мавсимӣ, варзишию солимгардонӣ, таъмини онҳо бо шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи беҳдоштӣ супоришҳо дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД