Дар вилояти Суғд озмуни “Донишҷӯи соли 2025” оғоз ёфт. Озмуни мазкур бо ибтикори раиси вилояти Суғд дар байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ гузаронида мешавад.
Тавре Хадамоти матбуотии раиси вилоят хабар додааст, мақсад аз роҳандозӣ намудани озмун дастгирӣ намудани ҷавонони боистеъдод ва шавқманд гардонидани насли ҷавон ба омӯзиши илму дониш ва техника мебошад.
Дар озмун донишҷӯёни аълохони курсҳои 2-4-и донишкадаҳои олӣ ва 2-3-и омӯзишгоҳҳои касбӣ иштирок карда метавонанд.
Озмуни “Донишҷӯи соли 2025” аз 3 давр иборат аст. Даври аввал дар байни факултаҳо гузаронида шуда, дар даври дуюм ғолибон аз ҳар як факулта бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Ғолибони даври дуюм дар даври ниҳоии озмун барои сазовори унвони “Донишҷӯи соли 2025” гаштан бо ҳамдигар рақобат хоҳанд кард.
Ғолибони озмун соҳиби мукофотҳои пулӣ ва дипломи махсуси мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд мегарданд.