18-уми майи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 100 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд дар чорабинии варзишӣ беш аз 25 000 нафар ҷавонону наврасон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим иштирок кардаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзиширо рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, солимии ҷомеа ва нишонаи пуштибонии мардуми кишвар аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кардааст.
Таъкид гардидааст, ки баргузории Дави миллӣ ба анъанаи нек мубаддал гашта, он ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир мегардад.
Зикр шудааст, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар соли 2025 бунёди зиёда аз 100 иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои муосир дар шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.