Шоми якшанбеи 17-уми январ, хонаи раиси бозори “Зарафшон”-и маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе Меҳрӣ Бӯриева оташ гирифт. Мақомот зарари расидаро ба соҳибхона 5000 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд, вале мегӯянд аз зарар ба маблағи 100 000 сомонӣ пешгирӣ карда шуд. Ҳодиса тахминан соати 19:30, замоне рух додааст, ки аъзои оила дар хона ҳузур доштанд.
— Сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар боми манзили истиқоматии соҳибкор Меҳрӣ Бӯриева аст. Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии вазорати корҳои дохилӣ саривақт ба ҷои ҳодиса расиданд ва аз зарари бештар ҷилавгирӣ карда шуд. Хушбахтона, ягон нафар аз аъзои оила дар сӯхтор зарари ҷисмонӣ набардоштанд, — гуфт подполковники хизмати дохила аз Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ Нурмаҳмад Хӯшаев.
Ин дар ҳолест, ки дар макони ҳодиса, яке аз ҳамсояҳои хонум Бӯриева гуфт, зарардида барои гарм кардани хонааш аз ангиштсанг истифода мекардааст ва пас аз гармии зиёди дудбаро боми хона, ки аз масолеҳи бомпӯши навъи “Ондулин” иборат аст, оташ гирифтааст.
манбаъ: Фараж