new banner new years
Дар шаҳри Душанбе озмуни “Беҳтарин ҳамсар” баргузор мегардад
617

Дар шаҳри Душанбе озмуни “Беҳтарин ҳамсар” баргузор хоҳад гашт, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» роҳандозӣ шуда, то 10-уми декабр идома меёбад.

Озмуни “Беҳтарин ҳамсар” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гашта, дар он ҳамсарони беҳтарин аз оилаҳои намунавӣ иштирок карда метавонанд.

Ҳадафи озмуни мазкур баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ мебошад.

Дар озмун бештар ба мардҳо афзалият дода мешавад. Марди оила бояд ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, дар самти маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳм гузорад.

Озмуни мазкур нимаи дуюми моҳи декабр ҷамбаст шуда, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД