Formula novemver 2024
Дар шаҳри Душанбе комиссияи аппелятсионӣ ташкил шуд
923

 

Дар МДТ "Мактаби байналмилалии Президентӣ"-и шаҳри Душанбе комиссияи апеллятсионӣ ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои иштирокдорони даври сеюми Олимпиадаҳои фаннии хонандагон барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии кишвар ташкил гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, ҳайати комиссияи аппелятсионӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо" ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, ҷиҳати таъмини шаффофият ва расидагӣ намудан ба муроҷиатҳои иштирокдорони Олимпиада мусоидат менамояд.

- Бояд гуфт, ки ба аппелятсия танҳо ҳамон иштирокчие роҳ дода мешавад, ки холҳои бадастовардааш беш аз 40 балл мебошад. Дар раванди аппелятсия комиссияи аппелятсионӣ аризаҳоро оид ба розӣ набудани довталаб аз натиҷаи Олимпиадаҳои фаннии хонандагон қабул ва баррасӣ намуда, сипас довталабон бо кори худ шинос мешаванд ва ҳангоми муайян гардидани ғалатҳои механикӣ ба онҳо холи иловагӣ зам карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД