Аз 1-уми июли соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ таксӣ рондан ва ба сифати боркашон-курер кор кардан манъ карда мешавад.
Санкт-Петербург яке аз минтақаҳои калонтарини Русия буда, пойтахти дуюми ин кишвар ба шумор меравад ва албатта шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар ин шаҳр хеле зиёд аст. Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, айни замон дар Санкт-Петербург ҳудуди 25-27 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ бо рондани таксӣ машғуланд, 14-15 ҳазори муҳоҷири дигар ба сифати боркашон-курер кор мекунанд. Манъи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар ин соҳаҳо боиси суст шудани раванди хизматрасонӣ гашта, норозигии муштариёнро ба вуҷуд оварда метавонад.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки дар сурати манъи қабул кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор ба сифати таксист ва боркашон нархи хизматрасонии таксӣ аз 10 то 50% боло хоҳад рафт, бар замми ин, мусофирон бояд муддати тӯлонӣ расидани таксиро интизорӣ кашанд, дар ҳоле, ки барои сокинони ин шаҳри калони серғавғо ҳар як лаҳза қимат аст.
- Азбаски кори ронандагони таксӣ ва боркашонҳо вақту соати аниқ надорад, мардуми маҳаллӣ чандон хоҳиши дар ин соҳаҳо кор кардан надоранд ва пур кардани ҷойи муҳоҷирони меҳнатӣ хеле душвор аст,- мегӯянд коршиносон ва меафзоянд, ки манъи қабули муҳоҷирон ба сифати боркашон ба тиҷорат низ бетаъсир намемонад, махсусан ба кори ошхонаю тарабхонаҳо, ки нақши боркашонҳо дар тиҷорати онҳо хеле калон аст.