Ассалому алайкум, дӯстони азиз! Ман дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Дар ин ҷо бо зане ошноӣ пайдо карда, дӯсташ доштам. Мо соҳиби як писарча шудем. Зиндагиамон тинҷу ором аст.
Ба хона ҳар моҳ пул мефиристам. Аммо се моҳи охир падару модарам занг зада, ҷангу ҷанҷол доранд, ки бояд духтари интихобкардаи онҳоро бо тӯю тамошо бигирам. Мегӯянд, ки сухани волидонро рад кардан гуноҳ аст.
Охир, ман ҳайронам, ки духтареро надидаву дӯст надошта, чаро ман издивоҷ кунам?! Дар ҳоле, ки ин ҷо зану бача дорам ва хурсанду хушбахт ҳастам!
Падарҷон, модарҷон, маро ба ҳолам гузоред. Маҷбурӣ зан гирифтан намехоҳам, чунки он духтар ба ман дар сад сол ҳам лозим нест.
Хонандагони азиз, сари ин масъала чӣ маслиҳат дода метавонед?
А. С.